Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоқ дар Тоҷикистон "гаронтар" шуд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон, ки ҷудошавии оилаҳо боис ба нигаронӣ шудааст, боҷи давлатиро барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурданд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомонӣ буд. Аммо оё ин метавонад ҷуфтҳоро аз ҷудоӣ боздорад?

"Зан бо кӯдакон ва мушкилот танҳо мемонад"

Мадина, сокини Душанбе, чанд моҳ пеш талоқ гирифт. Шавҳари собиқаш барои ду фарзанд “алимент" медиҳад, вале бо мушкилоти дигари онҳо кор надорад.

Ин зан мегӯяд, афзоиши боҷи давлатӣ шояд як роҳи ҳал аст, вале мақомот василаҳои дигарро истифода кунанд: “Агар алиментро зиёд кунанд, шояд ҷудошавии оилаҳо камтар шавад. Ё шояд гӯянд, ба зану кӯдакон хона бихаранд. Пас аз талоқ зан бо фарзандон ва ҳазору як мушкили дигар танҳо мемонад."

Ба мисли Мадина дар як соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 14 ҳазор зан аз шавҳар талоқ гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 2,9 дарсад бештар аст.

Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён

Вазири адлияи Тоҷикистон дар нимаи моҳи феврал дар порлумон гуфт, теъдоди зиёди кӯдакон аз тарбияи падар ё модар маҳрум мондаанд. Ба гуфтаи Музаффар Ашуриён, аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ бар асоси ҳалномаи додгоҳ сурат мегирад.

“Шумо мегӯед, 400 сомонӣ пеши роҳашро намегирад. То андозае, як фикре шояд пайдо шавад. Дар давлатҳои дигар барои бекор кардани ақди никоҳ бисёр чораҳои молиявӣ ва вазнин пешбинӣ шудааст,” – гуфт вазири адлия.

Мардум чӣ мегӯянд?

Афзоиши боҷи давлатӣ ва, ҳамин тавр, талоши мақомотро барои коҳиши азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон, баъзе аз сокинон чандон нишонрас намедонанд.

Абдураҳмон, як сокини пойтахт, гуфт, “чандон пули калон нест. Аъзои оила бояд фикр кунад, ки баъд аз ҷудошавӣ масъулият ё ҷавобгарӣ доранд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Талоқ дар Тоҷикистон "гаронтар" шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Намояндагони ҳукумат сабаби асосии ҷудошавии хонаводаҳоро “омода набудани ҷавонон” медонанд. Гуруҳе дигар фаъолияти мақомотро нокофӣ меҳисобанд ва сабабҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва бахусус муҳоҷирати кориро сарфи назар намекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, “кам кардани муҳоҷират, дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардани шароити кор, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дониши ҳуқуқию динӣ метавонад, вайроншавии оилаҳоро коҳиш хоҳад дод.”

Ба гуфтаи ҳуқуқдон, дар ҳоле ки зану шавҳар сабабҳои ҷиддӣ доранд ва наметавонанд, оиларо пойдор нигоҳ доранд, ба маротиб боло бурдани андозаи боҷи давлатӣ ҳеч таъсир нахоҳад дошт.

Азҳампошии хонаводаҳо аз мушкилҳоест, ки солҳо боз мақомоти тоҷик наметавонанд, аз афзоиши он пешгирӣ кунанд. Ҳарчанд дар нишастҳои расмӣ аз барнома ва чораҷӯиҳо дар ин бора хабар медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG