Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Арӯс бо корд мехобид, то домод наздик нашавад". Талоқ оғози фоҷиаҳо ё поёни зиндагии маҷбурӣ?


Акс аз бойгонӣ

Талоқ ё бекор шудани ақди никоҳ барои зану мард дар аксар гӯшаи ҷаҳон фоҷиа нест ва танҳо стресс ё афсурдагии кӯтоҳмуддатеро метавонад ба ҳамроҳ дошта бошад. Аммо на дар Тоҷикистон. Қатъи ақди никоҳ дар Тоҷикистон ба маънои хатми моҷаро миёни зану шавҳар нест, балки баъд аз ҷудоӣ ҷанҷолу хархаша идома мекунад ва гоҳе ба зиддияту хусумати давомдори хонаводаҳо боис мешавад. Аммо аз сӯйи дигар зиндагии маҷбурии ҷуфтҳо бо худкушиҳо ё куштани фарзандон ба фоҷиаи бузургтар мепечад.

Матлуба Турсунова, ҳуқуқшиноси созмони "Бонувони фардо" ба оилаҳои ҷавон машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ медиҳад. Ӯ гуфт, ба фарқ аз писарон духтарон аксар вақт бо расидан ба синни балоғат бе касбу кори муайян ва омодагии лозим шавҳар мекунанд, ки "гоҳе сабаби зуд пош хӯрдани оилаашон мешавад".

Хонум Турсунова рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "талоқ гирифтан аз шавҳар барои духтарони ҷавон дар Тоҷикистон садамаи сахти равонӣ аст ва онҳо дар бадбахтии худ шавҳарони собиқашонро гунаҳкор медонанд ва аз ин рӯ хусумату бадбинӣ ба якдигар боқӣ мемонад."

Вай аз як таҷрибаи охири худ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон қисса кард, ки издивоҷи ду ҷавон ҳамагӣ як моҳ идома кардааст: "Аз хонаводаи домод дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Шаҳритус ба мо муроҷиат карданд, ки арӯс як моҳ боз шавҳарашро намегузорад ба ӯ наздик шавад. Шабҳо бо худ корд гирифта мехобад. Мо барои наҷоти оила аввал аз арӯс сабаб пурсидем. Арӯс гуфт, домод маро қадр накард. Вай гӯиё аз домод хоста будааст, ки барои ҳамаи ҳамсинфонаш даъватнома диҳад, вале талабаш пурра иҷро нашудааст."

Ҳамсуҳбати мо афзуд, аз ин гуна посух дар ҳайрат монд ва маълум буд, ки арӯс бо вуҷуди болиғ будан мисли наврасон андеша дорад. Матлуба Турусунова мегӯяд, имкон дошт, ин оила наҷот ёбад, аммо талаби модари арӯс, ки "агар духтарамро ба хонаи домод фиристам, кафолат медиҳед, бо ӯ чизе намешавад?" онҳоро шигифзада кардааст.

Дар ниҳоят хонаводаи домод аз Шаҳритус корро ба додгоҳ бурда, талаб кардаанд, ки ҷониби арӯс харҷи тӯйро бозгардонад, чун онҳо як рӯз ҳам хонадорӣ накардаанд.

Мувофиқи омор пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Дар 6 моҳи соли 2019 беш аз 6 ҳазор акди никоҳ дар Тоҷикистон бекор шудааст. Ҷудошавии оилаҳо ҳам ба фарқ аз соле қабл ба таври чашмрас зиёд гаштааст.

Фирӯза Носирова, соҳибкор ва яке аз занони фаъоли тоҷик, тарҳи "Мани дигар"-ро барои бонувоне, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор гирифтаанд, роҳандозӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, бунёди оила дар Тоҷикистон ҳамоно суннатӣ монда, зери назар ва хости бузургсолон бунёд мешавад.

Фирӯза Носирова.
Фирӯза Носирова.


"Бар илова, издивоҷҳо зери фишори қоидаҳои роиҷ ва ё шаблонҳо сурат мегиранд: духтарон то синни муайян бояд ба шавҳар бароянд. Писарҳо низ бо расидан ба синни муайян бояд издивоҷ кунанд, падар шаванд. Мо фарзандони худро шунидан намехоҳем, ки онҳо ҳоло барои издивоҷ омода нестанд. Бино ба таҷрибаи роиҷ дар мо волидон нафари ба назари худашон сазоворро меёбанд ва ҷавонон издивоҷ мекунанд. Тӯю тамошо мешавад, арӯс худро як рӯз шоҳдухтар ҳис мекунад, домод шоҳписар, аммо оқибати чунин издивоҷ чӣ мешавад, касе намеандешад", -- афзуд ӯ.

Носирова айни замон гуфт, намешавад ҳамаи издивоҷҳо дар Тоҷикистон маҷбурӣ ҳастанд.

"Ҷудо шудани зану шавҳар дар асл фоҷиа нест. Ман дар оилае бузург шудаам, ки модарам аз падарам ҷудо шуда, аз нав шавҳар кардааст. Ман ду падар доштам. Вале то охири умр аз онҳо сипосгузорам, ки бо ҳам робитаи худ доштанд. Вақте 17-сола будам, падарам аз дунё гузашт ва модарам ӯро дафн кард, ҳарчанд хеле пеш аз ӯ ҷудо шуда буд", -- иброз дошт ӯ.

Носирова мегӯяд, дар таҷрибаи худ даҳҳо қиссаҳое шунидааст, ки зану шавҳар ҳамдигарро дӯст намедоранд, доим бо ҳам ҷанҷол мекунанд, аммо танҳо ба хотири фарзандон ва канор мондан аз “гапи мардум” якдигарро таҳаммул мекунанд: “Ман аз талоқ ҷонибдорӣ намекунам, аммо якдигарро тоқат надоред, ҳаёти худ ва фарзандонро қурбон накунед. Бо ҷудо шудан аз ҳамсар ҳаёт ба поён намерасад. Баръакс, вақте аз чунин зиндагии муштарак ба ҷон меояд, он вақт хатари марг бештар мешавад. Бубинед, дар мо чӣ қадар ҳодисаҳое рух доданд, ки занҳо бо фарзандонашон худро ба дарё афканданд, худкушӣ карданд”.

Камбуди ҷойи корӣ ва маошҳои ночиз ҳам ба гуфтаи таҳлилгарон рӯи хонаводаҳои ҷавон таъсир мегузорад. Як сабаби дигар пошхӯрии оилаҳо ва ҳам идомаи ҷанҷол дар миёни қудоҳои собиқ дар Тоҷикистон муҳоҷирати кории ҷавонон ба хориҷа хусусан Русия гуфта мешавад.

Кундузой Усмонова, роҳбари созмони “Бонувони Панҷ” мегӯяд, ба муддатҳои дароз ба муҳоҷират рафтани ҷавонон ба муҳити хонаводаҳои ҷавон осори бад мегузорад, дурии шавҳарон дар охир боис ба ҷудоӣ мегардад.

Ӯ мегӯяд, пас аз ҷудо шудан аз шавҳар мушкиле, ки занонро домангир мешавад, маскун кардани зан дар хонаи шавҳар аст. Дар аксар ҳолат, ба гуфтаи ӯ, хонаводаи шавҳар монеи иҷрои ҳукми додгоҳ мешаванд ва ё агар утоқеро ҳам ҷудо кунанд, зан дар паҳлуи хонаи шавҳари собиқ наметавонад бахти худро бунёд кунад.

“Бинобар ин, мо дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон марказҳои омӯзиши касбҳо ва корхонаҳои хурд кушодем, ки занон хусусан, онҳое ки аз шавҳар ҷудо шудаанд, имкони касбомӯзӣ ва кор дошта бошанд. Дар ноҳияи Панҷ сехи дӯзандагиро ба кор андохтем, ки либосҳои мактабӣ омода мекунем ва занону духтарон дар он ҷо соҳиби ҷойи кор шудаанд”, -- афзуд ӯ.

Усмонова гуфт, аз соли 2015 ба ин ҷониб беш аз 2000 зан дар марказҳои онҳо дӯзандагӣ ва қаннодиро омӯхтаанд.

Шояд бархе аз хонандагон бигӯянд, ки ҳадаф аз ин мақола ҷонибдорӣ аз талоқ аст, вале дигарон бар ин бошанд, ки асли матлаб пешгирӣ аз фоҷиаҳои бузургтар ва бадбахтиҳои давомдор аст. Шумо чӣ назар доред? Андешаи худро дар шарҳҳои ин мақола бинависед.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG