Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзандамро гирифтаму баромада рафтам, ҳомиладор будам" ВИДЕО


Назурбӣ мегӯяд, ба ҷабру зулми шавҳар тоб наовард ва хонаро тарк кард.
Назурбӣ мегӯяд, ба ҷабру зулми шавҳар тоб наовард ва хонаро тарк кард.

Назурбӣ модари ҷавони ду тифл аз ноҳияи Вахш чаҳор моҳ пеш аз шавҳараш ҷудо шуд. Фарзандонашро ҳам бо худ гирифта ба як хонаи иҷора омад.

Дар ошхонае кор мекунад ва пулаш барои ҳаққи иҷора ва таъмини худу фарзандонаш ба сахтӣ мерасад. Сабаби ҷудоиашро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: “Ҳеч куҷо кор намекард, вақте аз хона мегуфтанд, ки кор намекунӣ, маро лату кӯб мекард. Ман дигар тоб оварда натонистам, дашному зӯроварӣ зиёд шуд. Фарзандамро гирифта баромада рафтам, ҳомиладор будам.”

Ӯ бар асоси қонуҳои исломӣ ҳақ надорад, ба манзили шавҳараш, ки ӯро талоқ додааст, баргардад. Дар хонаи волидайн низ барои ӯ ва фарзандонаш ҷое нест. Заноне мисли Назурбӣ дар вилояти Хатлон соли гузашта зиёд шудаанд.

Нигаронии мақомоти Хатлон аз афзоиши фурӯпошии оилаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Бунафша Раҳимзода, як масъули Раёсати адлияи вилоят омори талоқу ҷудоиҳо дар ним соли гузашта дар вилоятро мегӯяд: “Бекоршавии ақди никоҳ дар вилояти Хатлон 1891 адад буд, ки назар ба соли гузашта 381 ҳолат зиёд аст. Бо қарори додгоҳ ҷудо шудаанд, бо розигии тарафайн, ё розигии як нафар.” Аз ин хонаводаҳо зиёда аз ду ҳазор кӯдак нимаятим мондаанд ва беш аз 90 дар сади онҳо дар тарбияи модар қарор гирифтаанд.

Дар умум дар Тоҷикистон дар 6 моҳи имсол беш аз 7 ҳазор ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд. Бино ба омори расмӣ, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёдтар аст.

Созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хатлон сабабҳои пошхӯрии хонаводаҳоро ба мушкилоти зиёде рабт медиҳанд. Қурбоноӣ Холова, ки дар як чунин созмоне кор мекунад, мегӯяд, пеш аз ҳама ҷабру зулм ба занон сабаби вайронии хонаводаҳо мешавад: “Зӯроварии равонӣ, зӯроварии иқтисодӣ ва гоҳо шаҳвонӣ сабаб мешавад. Аксар вақт хушунат сабаби ҷудоии оилаҳо мешавад.”

Талоқ барои занони тоҷик, оғози мушкилоти дигари онҳо мешавад. Хусусан барои заноне, ки сарпарстии фарзандро бар уҳда мегиранд. Онҳо ҷойи кору иқомат намеёбанд ва дар тарбияи фарзандон ҳам ба сахтиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Дар Тоҷикистон зӯроварӣ ба зан, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба истилоҳ расм шудааст.

Соли 2020 дар кишвар 295 парвандаи зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудааст, ҳарчанд ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан, бисёре аз бонувони тоҷик бо вуҷуди ҷабру зулми аъзои хонавода, ё шавҳар ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намекунанд. Мақомот барои пурзӯр кардани мубориза бо ин зуҳурот охири соли 2021 хушунат ба занро ҷиноят эълон карданд ва барои он ҷазои зиндон ҳам таъйин шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG