Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол беш аз 14 000 кӯдаки тоҷик "зиндаятим" шудаанд


Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён

Намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, соли 2021 сабти никоҳу талоқ дар кишвар зиёд шудааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) қариб 75 ҳазор ақди никоҳ баст, ки дар муқоиса ба соли 2020 ҳудуди ҳашт ҳазор маврид зиёд аст.

Айни замон, ба гуфтаи вазир, соли гузашта 13 ҳазору 714 мавриди талоқ расман сабт шудааст, ки дар қиёс ба як соле пеш аз он зиёда аз 3 ҳазор зиёдтар аст.

Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия гуфт, беш аз даҳ ҳазор ҷуфт бо қарори додгоҳ ҷудо шудаанд. Ба қавли Сироҷзода, баъди барҳам хӯрдани оилаҳо 14 ҳазору 814 ноболиғ бо қарори додгоҳҳо ба тарбияи яке аз тарафҳо дода шудааст.

Сардори Раёсати САҲШ-и Вазорати адлия афзуд, сабабҳои бекор кардани ақди никоҳ ба якдигар мувофиқ наомадани ҷавонон, ба маҳкама кашидани яке аз ҳамсарон ва вазъи иқтисодии оилаҳо будааст.

XS
SM
MD
LG