Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 000 шикоят аз зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон


Яке аз қурбониёни шиканҷа дар оила
Яке аз қурбониёни шиканҷа дар оила

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати 3 солу 8 моҳ дар кишвар бештар аз 15 ҳазор шикоят аз зӯроварӣ дар оиларо сабт кардаанд.

Бино ба омори Вазорати умури дохилӣ, аз соли 2019 то 8 моҳи соли 2022 ба ин вазорат ҳазорон шикоят аз латукӯб, бераҳмӣ ё бадрафторӣ бо занон, мардон ва наврасону кӯдакон ворид шуд.

Дар ин миён бештар аз 12 000 шикоят аз зӯроварӣ ба занон шудааст. Зиёда аз 2700 шикоят аз зӯровариву бадрафторӣ ба мардон.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои аз байн бурдани хушунат дар оила кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон бовар доранд, ҷабру зулму зӯроварӣ ба зан дар кишвар як “расми маъмул” аст ва талоши ҳукумат барои решакан кардани ин зуҳурот кофӣ нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG