Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Сурия ду бозии дӯстона мекунад


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Сурия (U-20) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия рӯзҳои 21-ум ва 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, қаблан дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия шаш бозии санҷишӣ анҷом дода, дар яктоаш ғолиб омад, се бозиро мусовӣ карда, дар дутоаш шикаст хӯрд.

Футболбозони ҷавони тоҷик мунтахаби ҷавонони Озарбойҷонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, бозиҳоро бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (U-20) бо ҳисоби 0:0, бо пешсафи лигаи аввали Полша – бошгоҳи LKS (Клуби варзишии Лодз) бо ҳисоби 1:1ва мунтахаби ҷавонони Узбекистон бидуни гол анҷом дода, аз дастаи «Бухоро», ки дар Суперлигаи Узбекистон ҳунарнамоӣ мекунад, бо ҳисоби 1:3 ва аз тими «Вишиста Краков»-и Полша бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буданд.

Зимнан, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон доир мегардад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

21-уми феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон (U-20) – Сурия (U-20)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

24-уми феврал (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон (U-20) – Сурия (U-20)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG