Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: Амрико ба Украина гуфтааст, замони тағйири масири ҷанг фаро расид


Маъмурияти президенти ИМА мақомоти Украинаро огаҳ карда, ки марҳилаи ҳалкунандаи ҷанг фаро расидааст ва артиши ин кишвар бо гирифтани кумакҳои бузурги низомии Ғарб бояд дар набардҳо комёбиҳои бештареро ноил шавад.

Нашрияи "Washington Post" бо истинод ба манбаъҳои худ мегӯяд, мансабдорони амрикоӣ ҳангоми боздиди худ аз шаҳри Киев дар моҳи январи имсол ба ҳамтоёни украинии худ гуфтаанд, ки моҳҳои оянда "бисёр мушкил" хоҳад буд.

Мақомоти амрикоӣ бо вуҷуди ваъдаҳои кумак ба Украина "то ҳадди лозимӣ" бар инанд, ки бастаи нави кумакҳои Ғарб барои Киев беҳтарин имкони тағйири ҷараёни ҷангро фароҳам мекунад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, эҳтимол вазъ дар оянда дигар мусоид набошад. Зеро ҷумҳурихоҳон, ки ҳоло аксари курсиҳои палатаи намояндагонро соҳибанд, тасмим доранд, ҳимоят аз Украинаро коҳиш диҳанд. Ба ҷуз ин, ҳанӯз маълум нест, ки интиқоли силоҳ аз Аврупо ба Украина дар сатҳи пешин боқӣ мемонад, ё не.

Муҳлати иҷрои бастаи кунунии кумакҳо ба Украина тобистони имсол ба поён мерасад ва пас аз он дастгирии Киев мушкилтар хоҳад шуд. Маъмурияти президенти Амрико Ҷо Байден бо Конгресс ҳамкорӣ дорад, то барои Украина 10 миллиард доллари дигар ҷудо шавад. Интизор меравад, ҷудо шудани бастаи нави кумакҳои низомиро ба Украина дар солгарди ҳамлаи Русия ба хоки он кишвар эълом кунанд.

Ҳамсуҳбати нашрия дар ҳукумати Амрико гуфтааст, интизор меравад, Русия баҳори имсол ҳамла ба Украинаро дубора оғоз кунад. Украина низ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузарад.

XS
SM
MD
LG