Додгоҳе дар Русия рӯзи 10-уми феврал Сергей Фургал, волии пешини Хабаровскро ба гуноҳи кӯшиши куштор ва амри қатли ду нафар дар солҳои 2004 ва 2005 ба 22 сол зиндон маҳкум кард.
Фургал то охир ба бегуноҳии худ пойфишорӣ дошт.
Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Либертси се шарики Фургал аз 9,5 то 21 сол зиндонӣ шуданд.
Додситон гуфт, куштор бар пояи манфиатҳои тиҷоратӣ гирифта шудааст. Фургал дар чанд маврид дар додгоҳ ба таъкид гуфт, ки гунаҳкор нест.
Ӯву тарафдоронаш пойфишорӣ мекунанд, ки тамоми мурофиа ва ҳукм дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
Фургал дар сухани охирини худ гуфт, аз миёни 100 шоҳиде, ки аз ҷониби вакили мудофеъ оварда шуд, дар бозпурсӣ танҳо ду нафар иштирок кард. Ӯ иддао кард, ки муфаттишон далелҳои зиёдеро пинҳон карданд.
Фургал узви ҳизби миллатгарои либералу демократи Русия соли 2018 дар интихоботи раиси вилояти Хабаровск дар муқобили як номзади ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” пирӯз шуд.
Ҳабси ӯ дар рӯзи 9-уми июли соли 2020 боис ба эътирози сартосарӣ дар шаҳр ва маҳалҳои дигари вилояти Хабаровск гардид. Эътирозе, ки чандин моҳ бетанаффус идома кард, умқи норизоияти мардумро дар Шарқи Дур аз сиёсати Маскав ба намоиш гузошт.
Гуфтугӯ