Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Хабаровск дар ҳавои сард низ гирдиҳамоӣ карданд


Эътироз дар Хабаровск
Эътироз дар Хабаровск

Чанд тан аз эътирозгарон дар як гирдиҳамоӣ дар Хабаровск дар Шарқи Дури Русия боздошт шудаанд.

Сокинони Хабаровск бо вуҷуди ҳавои сард рӯзи 5-уми декабр низ барои эътироз ба хиёбон баромаданд. Онҳо 148 рӯз боз барои боздошти Сергей Фургал, волии ин вилоят эътироз мекунанд.

Хабаровск яке аз минтақаҳои сарди Русия аст.

Дар гирдиҳамоии рӯзи 5-уми декабр беш аз 150 нафар ширкат дошт. Пулис шаш нафарро барои нақзи қонун дар бораи эътироз боздошт кард.

Ҳафтаи гузашта як рӯзноманигорро низ боздошт карданд.

Моҳи июли соли ҷорӣ раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Ҷонибдоронаш ин иттиҳомро бофта медонанд.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск то кунун раҳпаймоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG