Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Нест бод шоҳ!” Эътирози ҳазорон нафар дар Хабаровски Русия


Эътирози соикинон дар Хабаровск
Эътирози соикинон дар Хабаровск

Дар шаҳри Хабаровски Русия, дар Шарқи Дур сокинон аз нав бо пуштибонӣ аз Сергей Фургал, губернатори боздоштшуда эътироз карданд.

Дар ин намоиши эътирози ҳазорон нафар ширкат карданд, ки дар таърихи шаҳр бесобиқа аст. Гуфта мешавад, ки дар эътирози имрӯз аз 15 то 50 ҳазор нафар иштирок кардааст.

Онҳо роҳҳои асосии шаҳрро бастанд ва дар назди шаҳрдорӣ шиор доданд.

Баъзе аз онҳо дар даст чунин шиорҳо доштанд: "Ман Сергей Фургал ҳастам” ва “Фургалро озод кунед”. Баъзе аз тазоҳургарон фарёд мекашиданд, ки “Маскав ҳиҷолат бикаш” ва ё “Нест бод шоҳ”, ки ишорае ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст.

Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск чанд рӯз боз раҳпаймоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG