Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Путин истеъфо”! Сокинони Хабаровск боз эътироз карданд


Эътироз дар Хабаровск
Эътироз дар Хабаровск

Дар шаҳри Хабаровски Русия, дар Шарқи Дур сокинон аз нав бо пуштибонӣ аз Сергей Фургал, губернатори боздоштшуда эътироз карданд.

Дар ин намоиши эътирози ҳазорон нафар ширкат карданд. Шоҳидон, ин эътирозро дар таърихи шаҳр бесобиқа мехонанд. Телевизиони «Настоящее время» аз ҷарраёни тазоҳуроти навбати пахши зинда кард.

Сокинони шаҳр, роҳҳои асосиро бастанд ва дар майдони марказии ба номи Ленин ҷамъ омаданд. Азбаски ин эътироз бидуни иҷоза баргузор шуда буд, тазоҳургарон гуиё ба майдони марказии шаҳр барои "хӯрок додан ба кабӯтарҳо" баромаданд. Полис ҳодисаро мушоҳида мекард, аммо дахолат накард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин минтақа мегӯяд, теъдоди тазоҳургарон ин бор бештар аз рӯзҳои қаблӣ буд ва муроҷиати онҳо ҳам дар ин эътироз бевосита ба раҳбарони аввали кишвар равона шуда буд.

Баъзе аз онҳо дар даст шиорҳое чун “Путин истеъфо”, “20 соли беэътимодӣ”, “Русия бедор шав” ва “Ҳукумат дар ин ҷо моем” доштанд.

Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск чанд рӯз боз раҳпаймоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG