Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 7 гумонзади "ҳодисаҳои январӣ" эълон шуд


Додгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзи 7-уми феврал ҳукми ҳафт гумонзадро дар ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар эълом кард.

Додраси парванда Баглан Торебекулӣ гуфт, гумонбарон "бо вуҷуди дарки хатари ниятҳои худ ба ҷомеа дар ошӯбҳо, кушторҳо ва хароб кардани амвол иштирок карда, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба мақомоти давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон доданд".

Ҳамчунин онҳо дар "итоат накардан ба талаби қонунии намояндаи давлат, даъват ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, дуздӣ, нигаҳдорӣ ва интиқоли ғайриқонунии силоҳу лавозимоти ҷангӣ" айбдор дониста шуданд.

"Гуноҳи гумонбарон исбот шудааст", - изҳор дошт додрас.

Се гумонбар, ки сесолӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд, бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ озод ва Марат Бекбауа бо назардошти доғи судияш 2,5 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Додрас ҳамчунин панҷ гумонбари дигар - Исатай Донбиев, Райс Рисбеков, Ержан Байжанов, Нурсултан Куатбаев ва Токтар Ошакбайро, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ кушта шудаанд, айбдор эълом кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни ҳодисаҳои "январӣ" дар Тараз 15 кас кушта шудааст. Ҳамаи онҳо бо силоҳи оташнишон ба қатл расонида шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG