Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ба зарардидагони Туркия ҳисоб кушоданд


Зилзила дар Туркия.
Зилзила дар Туркия.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки дар ин кишвар барои кумак ба осебдидагони заминларза дар Туркия ҳисоби бонкӣ кушода шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳисоб дар "Айил Банк" кушода шудааст ва ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба он маблағ ворид кунанд.

Сафорати Туркия дар Қирғизистон ҳам эълом кардааст, ки барои зарардидагон кумак ҷамъоварӣ мекунад. Намояндагии дипломатӣ бо нашри рӯйхати ашёи зарурӣ гуфтааст, хоҳишмандон метавонанд онҳоро ба сафорат биёранд.

Зилзилаи шадид дар Туркия ва Сурия рӯзи 6-уми феврал боис ба марги ҳазорҳо нафар шуд. Ҳазорҳо каси дигар маҷруҳ шуда ё дар зери вайронаҳо мондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG