Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 398 падари "қарздор" аз фарзандонро меҷӯянд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон номи 398 мардеро сабт кардаанд, ки ба фирор аз пардохтани "алимент" ба фарзандон муттаҳаманд.

Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, гуфт, ин афрод "барои саривақт надодани ҳаққи фарзандон ва пинҳон кардани маҳалли зист кофтукоб мешаванд."

"Дар соли 2022 ба манфиати модару кӯдак наздик ба 40 миллион сомонӣ маблағ ситонда шуд. Дар муқоиса ба соле қабл аз он 46 дарсад зиёд аст," – гуфт ӯ рӯзи 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ.

Ба иттилои хонум Саидвализода, дар соли гузашта нисбат ба 538 мард, ки амдан (барқасдона; дидаву дониста) аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, парванда боз шуд.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар сурати се моҳ сарпечӣ кардан аз пардохти алимент, кори чунин мардон ба қазовати додгоҳ гузошта мешавад.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар рӯз беш аз 30 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG