Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт миллион нафар аз Украина рафтаанд


Херсон, Украина
Херсон, Украина

Ҳамоҳангсози барномаҳои фаврии имдодии Созмони Милал гуфт, аз оғози ҷанги Русия дар Украина 8 миллион нафар аз ин кишвар гурехтаанд.

Мартин Гриффитс рӯзи 6-уми феврал дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ин 8 миллион украинӣ ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.

Ба иттилои ӯ, 5 миллиону 300 ҳазор нафари дигар дар дохили кишвар беҷо ҳастанд.

Дафтари Ҳамоҳангсози Кумакҳои Башарии Созмони Милал низ гуфт, ҳоло зиёда аз 17 миллиону 600 нафар аз мардуми Украина ва ё 40 дарсади аҳолии он муҳтоҷи кумакҳои башарӣ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG