Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба зидди як узбекистонӣ барои ёрӣ ба русҳо таҳрим ҷорӣ кард


Вазорати молияи Амрико 10 кас ва 12 ширкати дигарро барои кумак ба маҷмааи саноатӣ-ҳарбии Русия дар давр задани маҳдудиятҳо ба рӯйхати таҳримшудаҳо дохил кард. Дар миёни онҳо як шаҳрванди Узбекистон ҳам ҳаст.

Ба иттилои вазорат, Игор Зименков, шаҳрванди Исроил ва Русия раҳбари гурӯҳе бо номи "Шабакаи Зименков" шудааст.

Баъзе аз аъзои хонаводаи ӯ аз иттиҳодияҳои “Ростекс” ва “Рособоронэкспорт”, ки таҳрим шудаанд, ҷонибдорӣ мекунанд.

Макс Пифлакс (Max Piflaks), шаҳрванди Узбекистон ва мудири ширкати "Mateas Limited", ки дар Қибрис (Кипр) сабтином шудааст, бо писараш Гилад Пифлакс, шаҳрванди Исроил шомили шабака буданд.

Пифлаксҳо кормандони ширкати исроилии "DES Defense Engineering Solutions LTD" ҳастанд, ки ба шаҳрвандони таҳримшудаи Русия мусоидат мекард.

Дар баробари "DES Defense Engineering Solutions LTD", ширкатҳои "Asia Trading & Construction PTE LTD"-и Сингапур, "Elektrooptika SIA"-и Латвия, "GBD LTD"-и Қибрис, "GMI Global Manufacturing & Integration LTD", "Kliosa LTD", "Mateas LTD", "Pitaron LTD", "Terra-AZ LTD", "VFC Solutions LTD", "U-Stone LTD EOOD" аз Булғористон ва "Texel FCG Technology LTD"-и Исроил низ таҳти таҳримҳо қарор дода шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG