Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На ихроҷ мекунанд, на ҳукм." Тақдири норӯшани 20 тоҷик дар Доғистон


Доғистон. Акс аз бойгонӣ
Доғистон. Акс аз бойгонӣ

Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки зиёда аз ду моҳ боз дар боздоштгоҳи ҷумҳурии Доғистони Русия ҳастанд, аз ояндаи норӯшани худ нигаронанд.

Мақомоти шаҳри Махачқалъа 15 мард ва 5 занро аз Тоҷикистон ба гуноҳи нақзи қонунҳои муҳоҷират дастгир кардаанд. Онҳоро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ медоранд.

Ҷонибек, яке аз муҳоҷирони тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои кор дар сохтмон ба Доғистон рафта буданд, вале натавонистанд, муҳлати сабти иқоматашонро дароз кунанд.

“Баъзе аз ҳамроҳони мо пас аз ихроҷ аз Русия бо ному насаби дигар вориди ин кишвар шудаанд. Дигарон аз як моҳ бештар нигаҳдорӣ намешаванд, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ду моҳ боз дар боздоштанд. Аз сафорат кумак пурсидем, гуфтанд, бояд қонунҳоро риоя мекардед,” – афзуд ҳамсуҳбати мо рӯзи 31-уми январ.

Пулиси Махачқалъа боздошти муҳоҷирони тоҷикро тасдиқ ё рад накард. Навбатдории идораи умури дохилии шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора танҳо тариқи мактуби расмӣ посух медиҳанд.

Фирӯз, муҳоҷири тоҷик, ки бо боздоштшудаҳо вохӯрдааст, шароити онҳоро нохуб арзёбӣ кард. Вай гуфт, муҳоҷирон метарсанд, ки “мабодо ба ҷанги зидди Украина фиристода нашаванд”.

“Инҳо аксарашон аз Бохтар ҳастанд. Духтарони боздоштшуда бесарнавиштанд, на ихроҷ мекунанд, на дар бораашон тасмим мегиранд. Шароити боздоштгоҳ ҳам хуб нест,” -- гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз боздошти гурӯҳи муҳоҷирон хабар доранд. “Бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Боздоштгоҳ ҳастанд. Дар айни ҳол шахсияти онҳо муайян мешавад,” – гуфтанд дар сафорат.

Русия макони кори садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст. Боздошти муҳоҷирон барои поймол кардани қоидаҳои будубош ва ихроҷи онҳо аз Русия зуд-зуд расонаӣ мешавад, вале боздошти онҳо дар Доғистон камсобиқа аст.

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон камтар барои кор ба Доғистон, минтақаи мусалмоннишин ва дурафтодаи Русия, мераванд. Теъдоди муҳоҷироне, ки дар ин ҷумҳурии Русия кор мекунанд, дақиқ нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG