Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мусбат", "манфӣ", "бетараф". Муносибати тоҷикон ба Русия чӣ гуна аст? ВИДЕО


Иддае дар Тоҷикистон натиҷаи назарпурсие, ки мизони муҳаббат ва назари мусбати тоҷиконро ба Русия "95 дарсад" ҳисоб кардааст, зери суол мегузоранд.

Назарпурсӣ бо супориши "Россотрудничество", як идораи давлатии Русия, дар тобистони имсол анҷом шудааст. Намояндагонаш дар Душанбе рӯзи 27-уми декабр барои шарҳи бештар ҳозир нашуданд.

Коршинос Абдумалик Қодиров, ки бо натиҷаҳои пажуҳиш ошно шудааст, гуфт, "ҳарчанд воқеиятҳое дорад, суолбарангез аст."

"Қишри бедор фаҳмид, ки сиёсати Русия нодуруст аст"

Ӯ рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ниҳодҳои давлатии Русия дар шароити ҳозира ҳарчи бештар ба тарғиби сиёсати Владимир Путин машғуланд. Барои нигоҳ доштани аудитория ва имиҷи худ ба ҳар гуна тақаллуб даст мезананд."

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Қодиров бовар дорад, ҷанги бедалели Русия дар Украина то ҷое назари тоҷикистониҳоро ба сиёсати Маскав дигар кардааст: "Қишри бедор, воқеан, эҳсос кард, ки ҳукумати имрӯзаи Русия сиёсати нодурустро пеш мебарад, бахусус дар муқобили Украина ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ." Ин дар ҳолест, ки бар асоси назарпурсӣ, чаҳор дарсад дар Тоҷикистон бетарафӣ ва як дарсад назари манфии худро нисбат ба Русия баён доштаанд.

"Россутрудничество" дар хулосаи таҳқиқаш гуфта, ки пурсишро дар миёни сокинони Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Узбекистону Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ низ гузаронд.

Аввал Осетия, баъд...

Тибқи он, аз ҳама бештар – 97 дарсади пурсидашудаҳо дар Осетияи Ҷанубӣ гуё гуфтаанд, нисбати Русия назари нек доранд. Баъд аз Тоҷикистон дар Абхозистон 92 дарсад ва Қирғизистон 80 дарсад назари неки худро нисбати Русия изҳор доштаанд.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Ба назари Сайфулло Сафаров, коршиноси масоили сиёсӣ, "алоқамандии тоҷикон ба Русия аз замони Шӯравӣ мондааст. Сабаби таърихӣ дорад. Дувум, муҳоҷирони кории мо дар онҷо бисёр зиёданд. Сеюм, қариб ҳар сол 30 ҳазор донишҷӯйи мо, магистарантҳо дар Русия мехонанд."

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору маош ба Русия мераванд, аммо ҳамвора аз муносибати нохуби мақомоту баъзе аз шаҳрвандони он кишвар шикоят доарнд. Ба қавли Раҳмон Улмасов, коршиноси бахши муҳоҷират, "афкори ҷамъиятӣ ва бархурди расонаҳои русӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик хуб нест."

Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки мардум нисбат ба Русия назари яксон надоранд. Гуруҳе Русияро мададрасони Тоҷикистон ва маҳалли кори муҳоҷирон медонанд. Дигарон, баръакс, “дӯсте” мепиндоранд, ки “як дода ҳазорҳо мегирад”. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ моҳи октябри имсол дар нишасте дар шаҳри Остона аз ҳамтои русаш хост, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Оё воқеан, 95 дарсади тоҷикон дар бораи Русия назари нек доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Муҳаббати тақсимшуда?

Идораи “Россотрудничество” дар гузашта низ пажуҳишҳое дошт, ки тавассути он муҳаббати тоҷиконро нисбат ба Русия нишон додааст. Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, “вазифаи “Россотрудничество” вонамуд кардани фаъолият ва самаранокияш аст.”

Тоҷикистону Русия ду шарики наздики стратегӣ ба ҳисоб мераванд ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Айни замон иқтисоди кишвар ба пули муҳоҷирони корӣ низ пойбанд аст, ки аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз муттаҳидони асосии Владимир Путин ба ҳисоб меравад ва пас аз оғози ҷанг дар Украина дар моҳи феврал Владимир Путин аввалин сафари хориҷиашро дар Тоҷикистон анҷом дод. Вале дар чанд соли охир Чин ва кишварҳои дигар бо бастаи ёриҳои худ ҷойгоҳи Русияро дар Тоҷикистон то ҷое “танг” кардаанд. Зоҳиран муҳаббат ҳам тақсим шуда.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG