Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Байрақтар", "Абобил-2"... Рақобати дронҳо дар Осиёи Марказӣ?


Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон бо Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон бо Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Ба гузориши расонаҳо, ду ҳафта пеш Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин кушод. Рӯзи 17-уми майи имсол дар маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди "Абобил-2" дар Душанбе генерал-майор Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, иштирок дошт.

Боқирӣ ин пешравиро даври нави ҳамкориҳои дифоӣ байни ду кишвар хонд, зеро Тоҷикистону Эрон дар пайи муқобила бо чолишҳои нав дар минтақа ҳастанд, ки ба гуфтаи нозирони умур, он шомили бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ва таҳдидҳои террористии фаромиллӣ, аз ҷумла шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аст.

Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон он замон гуфт, "имрӯз ба ҷойгоҳе расидем, ки метавонем ба иловаи пурра кардани ниёзҳои дохилӣ, таҷҳизоти низомиро ба кишварҳои муттаҳид ва дӯст барои тақвияти амният ва сулҳи доимӣ содир кунем."

Ӯ бо ишора ба инки Эрон ва Тоҷикистон ҳар кадом бо Афғонистон марз доранду дар ду тарафи ин кишвари ҷангзада ҳастанд, афзуд, "нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар метавонанд бо рушд ва ҳамкориҳои низомӣ ба Афғонистон дар барқарории амният ва сулҳ мадад кунанд."

Дар ҳоле ки Ҳусейн Боқирӣ ва Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи коргоҳи тавлиди дрони "Абобил-2"-ро платформае барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ гуфтанд, таҳдидҳоеро, ки дар пайи муқобила бо он ҳастанд, мушаххас накарданд. Дар мавриди барномаҳои ниҳоии сохти ҳавопаймои бесарнишин дар Тоҷикистон низ маълумоте надоданд.

Ҷереми Бинние, коршиноси масоили дифоӣ дар ширкати иттилоотии ҷаҳонии Janes, дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо намедонем, ки оё ин навъ воқеан тавлиди Тоҷикистон аст ё не". Вай дар идома афзуд, "Абобил-2" беҳтарин навъ барои муқобила бо ниманизомиён аст".

"Абобил-2" аз хонаводаи радаи поини ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Эрон ба шумор меравад. Ҷереми Бинние гуфт, "ин модел ҳудуди 15 сол аст, ки вуҷуд дошта ва барои ҳамла ва шиносоӣ, истифода мешавад. Бесарнишинҳои пешрафтатар, аз ҷумла, “Муҳоҷир-6” ва “Абобил-5” бинобар системаҳои электро-оптикӣ, ки назорати доимӣ ва қобилияти онҳо барои партоби силоҳҳои идорашавандаро фароҳам мекунанд, барои мубориза бо таҳдидҳо муносибтар ҳастанд.

Корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин. Эрон, моҳи январи 2021
Корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин. Эрон, моҳи январи 2021

НУФУЗИ МИНТАҚАВӢ

Ҷереми Банние гуфт, "ба назар мерасад, ки тасаллути Толибон бар Афғонистон омили ошкор барои тақвияти робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон аст".

Теҳрон ва Душанбе дар ҳоле барои беҳбудӣ робитаҳои аз чанде пеш тираи худ талош мекунанд, ки Тоҷикистон ва Эрон забон ва фарҳанги муштарак доранд. Ду кишвар бо аксарияти аҳолии мусалмон аз шохаҳои мухталифи ислом пайравӣ мекунанд. Ҳукумати дунявии Тоҷикистон мактаби ҳанафии исломи сунниро ба расмият мешиносад, дар ҳоле ки Эрон як ҳукумати динӣ бо аксарияти шиа аст.

Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Миёна аст, ки ба таври ошкор аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Кобул мухолифат кард. Душанбеи расмӣ мегӯяд, ин гурӯҳи пайкорҷӯи суннӣ барои амнияти минтақа таҳдид мебошад ва тоҷиктаборони Афғонистонро ба ҳошия рондааст.

Толибон ҳамзамон ин иддаои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро, ки Афғонистон лонаи террористон ва паноҳгоҳи ҳазор ҷангҷӯ шудааст, рад мекунад. Ба назар мерасад, Толибон аз гузоришҳо дар бораи робитаи Душанбе бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки зидди ин гурӯҳ аст, нигаронанд, аммо Тоҷикистон инро рад мекунад.

Танишҳо миёни Душанбе ва ҳокимони тундрави Афғонистон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст. Толибон ҳазорон ҷангҷӯро дар хатти марзҳои ин кишвар ҷобаҷо кардаанд. Тоҷикистон ҳамзамон дар ин муддат машқҳои низомии муштаракро дар марзи тӯлонии худ бо Афғонистон бо нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ зери нуфузи Русия баргузор кард.

Тамрини низомӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Тамрини низомӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Тоҷикистон ҳамчунин даргири танишҳои марзӣ бо Қирғизистон аст, ки ҳавопаймоҳҳои бесарнишини пешрафтаро аз Туркия ва ҳамчунин дронҳоеро аз Русия дар соли гузашта харидорӣ кард. Бишкек чанде пеш бартарии дронҳои худро таблиғ кард.

Дар моҳи апрел дар бораи инки Тоҷикистон низ дар ҳоли хариди "Байрактар"-ҳо аз Туркия аст, гузорише расид. Дертар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, муайян кардааст, чунин созише сурат нагирифтааст.

"Байрақтар"
"Байрақтар"

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон афзуд, дронҳои туркии харидоришуда аз сӯи Қирғизистон “танҳо ба ҳадафи дифоъ дар баробари таҳдидҳои террористӣ ва ифротгароии мазҳабӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба вазъияти Афғонистон дар назар гирифта шудааст. Тарафи Қирғизистон ҳаргиз пойбанди сиёсати таҷовузкорона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя набудааст ва нахоҳад буд".

Дар ҳамин ҳол, Эрон пас аз иддаои пайдарпай дар бораи ҳимояти махфиёна аз Толибон дар солҳои ахир, дар ҳоле ки ин гурӯҳи ифротӣ алайҳи ҳукумати мавриди ҳимояти Ғарб дар Кобул мубориза мебурд, иқдоми мутаодил анҷом додааст. Дар ҳоле ки аз замони бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат бо раҳбарони Толибон дар сатҳи боло музокира кардааст, Теҳрон гуфтааст, ки омодаи ба расмият шинохтани ҳукумати онҳо нест, магар инки як давлати фарогир ташкил диҳад.

Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, гурӯҳҳои террористии хориҷиро омили аслии нооромиҳо дар Афғонистон хонд ва аз Толибон даъват кард, ки барои аз байн бурдани таҳдидҳо талоше бештар кунанд.

Дар ин замина Тоҷикистон ва Эрон чандин қадаме барои ҳалли ихтилофҳои худ бардоштанд. Ҷанги лафзӣ миёни Душанбе ва Теҳрон дар соли 2015 пас аз он боло гирифт, ки Эрон расман аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиш даъват кард. Сардии муносибатҳо боиси қоҳиши қобили таваҷҷуҳи тиҷорат байни ду кишвар шуд.

Нишонаҳои беҳбуди равобит замоне мушоҳида шуд, ки дар соли 2019 ҷонибҳо созишномаи амниятиро имзо карданд. Ду сол баъд ду кишвар аз таъсиси як кумитаи дифоӣ-низомии муштарак хабар доданд ва алоқамандии худро барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, дифоӣ ва низомӣ иброз намуданд.

Нозирон дар он замон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Теҳрон ва Душанбе "ё мушкилоти худро ҳал кардаанд ё ба ҳадди ақал расондаанд". Соли 2021 расмиёти қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз шуд.

Эрон ҳамчунин муттаҳам мешавад, ки ба таври ғайрирасмӣ ба шӯришиёни ҳусӣ дар сохтани як навъ дрони “Абобил-2” барои истифода дар Яман ёрӣ кардааст.

Ба гуфтаи нозирон, бо таваҷҷуҳ ба ин ки таҳримҳои таслиҳотии як даҳсолаи СММ зидди Эрон дар соли 2020 ба поён расидааст, тавлиди дронҳо дар Тоҷикистон ба Эрон имкон медиҳад, то ҳам содироти дронҳои худро машрӯият бахшад ва ҳам нишон диҳад, ки бозигаре асту бояд дар бозор дар назар гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG