Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 9 моҳ 119 ҳазор тоҷик шиносномаи русӣ гирифтаанд. Чаро?


Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, дар нӯҳ моҳ, аз январ то сентябри имсол, 119 ҳазор ё зиёда аз як дарсади аҳолии Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки Русия гирифтори ҷанг бо Украина аст ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандаш кишварро тарк карданд. Мақомоти Тоҷикистон пайомади майли аз ҳад зиёди мардумро ба гирифтани шиносномаи русӣ намегӯянд. Иддае нигарон ҳастанд. Муҳоҷирони корӣ ин санадро ягона роҳи осони кору зиндагӣ дар Русия мепиндоранд.

Бар асоси омори Вазорати корҳои дохилии Русия, ки Радиои Озодӣ 22-юми декабр дид, соҳиби шиноснома шудани тоҷикон дар моҳҳои июл-сентябр ба авҷ расидааст.

Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Дар навад рӯз – зиёда аз 45,5 ҳазор кас. Дар ҳоле ки имсол ба сабаби ҷанги Русия дар Украина кӯшиши хориҷиҳо ба дарёфти шаҳрвандии ин кишвар кам шуда.

Коршинос Амони Асрор вазъро ингуна шарҳ дод: "Аз як тараф ҳузури муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, дар Русия мушкил шудааст. Аз тарафи дигар дарёфти шиносномаро осон карданд. Ба шарти бастани қарордоду иштирок дар ҷанг. Ба танг овардан ва ҳамзамон имкон додан то ҷое натиҷаҳои худро медиҳад."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, баъзе аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аз бекорӣ ранҷ мекашанд, ба ҳар восита шаҳрвандии Русияро хоҳанд гирифт. Дар айни замон сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони корӣ хостааст, пешниҳодҳоро барои иштирок дар ҷанги бегона напазиранд, вагарна дар кишвар ҷазо хоҳанд гирифт.

Омори Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи тоҷикони соҳиби шиносномаи русӣ:

  • Соли 2016 – 23 ҳазор нафар;
  • Соли 2017 – 29 ҳазор нафар;
  • Соли 2018 – 35,7 ҳазор нафар;
  • Соли 2019 – 44,7 ҳазор нафар;
  • Соли 2020 – 63,3 ҳазор нафар;
  • Соли 2021 – 103,6 ҳазор нафар;
  • Аз январ то сентябри 2022 – 119 ҳазору 609 нафар.

Дар баробари ин, ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, то моҳи октябри имсол зиёда аз 114 ҳазор тоҷикистонӣ иҷозаи иқомат ё ВНЖ-ро дар Русия соҳиб шудаанд. Ин санад як қадам то гирифтани шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Зиёда аз 47 ҳазор тоҷикистонӣ РВП ё иҷозаи иқомати муваққатро доштаанд.

Амони Асрор, коршиноси тоҷик, мегӯяд, бо чунин суръат Тоҷикистон дар солҳои наздик ба кишваре табдил хоҳад ёфт, ки аксар аҳолии он табааи Русия хоҳанд буд. Вай гуфт, танҳо тайи шаш соли охир зиёда аз 5 дарсади аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд.

“Дар чунин шароит пиёда кардани сиёсати мустақилона ва берун шудан аз хати кашидаи Маскав боз мушкилтар хоҳад шуд. Тавре таҷриба нишон медиҳад, баҳонаи пуштибонӣ аз “худиҳо” метавонад, далеле ҳатто барои вуруди низомӣ ба қаламрави кишвари дигар гардад,” -- ҳушдор дод ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, “Тоҷикистонро зарур аст, рушди иқтисодии худро таъмин кунаду шаҳрвандонашон тавонанд, бо шиносномаи худ ба ҳаёти арзанда даст ёбанд.”

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ёфтани кору маоши муносиб ба Русия мераванд. Баъзе аз онҳо дар сохтмону бозор ва хадамоти коммуналӣ кор мекунанду иддае дар ширкатҳои газу нафт.

Тоҷикистон шумораи муҳоҷиронашро дар Русия, ки пули фиристодаашон ба иқтисоди оилаҳо муҳим дониста мешавад, 600 ҳазор нафар баршумурдааст. Русия теъдоди онҳоро 2 миллион мегӯяд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG