Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои футболи Чину Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд


Ҳайати Ассотсиатсияи футболи Чин.
Ҳайати Ассотсиатсияи футболи Чин.

26-уми январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳайати Ассотсиатсияи футболи Чин (CFA) баргузор шуд.

Чунонки сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи созмонҳои футбол, баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона байни мунтахабҳои гуногуни мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду кишварро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълими мураббигӣ, таблиғи футболи занону наврасон, ҳамкорӣ дар бахшҳои маркетинг, тиб, доварӣ ва дигар бахшҳои футбол ба нақша гирифта шуд.

"Мо ба сатҳи ҳамкориҳои худ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, дастаҳои мунтахаби кишварҳоямон зуд-зуд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун бо ҳам вомехӯранд. Тими миллии Тоҷикистонро ба ифтихори роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно мекунем", – гуфтааст Си Хе, муовини дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Чин.

Алишер Урунов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳам гуфтааст, ки созмонҳои футболи ҳарду кишвар бо ҳам шариканд. Ӯ умедворӣ кардааст, ки федератсияҳои ҳар ду кишвар дар ҳама самтҳои футбол ба ҳамкориҳои худ идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG