Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мардум аз "гапи бемаънӣ" дар шабакаҳо хаста мешаванд." ВИДЕО


Абдуҷалили Амон, мудири Маркази “Хирад”
Абдуҷалили Амон, мудири Маркази “Хирад”
Як маркази адабӣ дар Душанбе китобҳои пурхонандаи ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ баргардон ва нашру паҳн мекунад. Абдуҷалили Амон, мудири Маркази “Хирад” мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҷуз китоби нависандаҳои дохилӣ ба асарҳои адибони хориҷӣ низ шавқ доранд. Ӯ бо ҳамкоронаш китобҳоро тарҷима ва бознашр мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат аз Абдуҷалили Амон дар бораи кори Маркази “Хирад” ва вазъи китобу китобхонӣ дар кишвар пурсид.

Абдуҷалили Амон: "Маркази Хирад" беш аз ду сол боз ба тарҷима ва нашри осори бадеӣ, фалсафӣ ва ангезишӣ (мотиватсиони)-и ҷаҳон машғул аст. То ба имрӯз мо аз забонҳои русӣ, англисӣ ва хати ниёгон китобҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва баргардон кардем. Ҳоло 24 номгӯ китобро ба дасти хонанда расондем ва ният дорем, то охири сол ин теъдодро ба 50 номгӯ расонем. “Хирад” дар баробари онки китоб чоп мекунад, ба нашри китобҳои гӯё (аудиокнига) машғул аст. Шахсоне, ки ба китобҳои чопӣ дастрасӣ надоранд ва ё берун аз кишвар ҳастанд, метавонанд, китобҳои моро дар шакли аудиоӣ гӯш кунанд."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо аз сатҳи тарҷима дар кишвар розӣ нестанд. Бархе аз он норозианд, ки тарҷимаҳо ба воситаи барномаҳои интернетӣ анҷом мешаванд, ки ба забони тоҷикӣ чандон суфта нестанд. Тарҷумонҳои шумо киҳо ҳастанд ва то куҷо дар самти тарҷума ҳирфаӣ мебошанд?

Абдуҷалили Амон: Ин гапҳо албатта ҳастанд ва чунин имкон ҳам ҳаст, ки тариқи барномаҳои компютерӣ китобҳоро тарҷума кунанд. Аммо дар Маркази мо назарияи амонат дар тарҷума пурра риоят мешавад. Гуфта метавонам, он нафароне, ки дар маркази мо ба тарҷумаи китобҳо машғуланд, беҳтарин тарҷумонҳо ва аз хати ниёгони мо огоҳии комил доранд ва имлои забони тоҷикӣ меъёр аст. Бинобар ин китобҳои мо пурра бо риояи қоидаҳои имлои имрӯзаи забони тоҷикӣ таҳия мешаванд. Яъне ҳамон ҳадаф ва мақсади муаллиф пурра риоят мешавад. Масалан, китоби Алиф Шафақ “Чил қонуни ишқ”-ро Толибшоҳи Давлат аз забони русӣ тарҷума кардаанд. Он кас то имрӯз бисёр китобҳоро тарҷума кардаанд. Ё китоби “Посухҳои кӯтоҳ ба пурсишҳои бузург”-ро Ҷовид Аминов, яке аз донандагони хуби забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Тарҷумони мо Салими Зарафшонфар китоби “Гурги даштӣ”-ро тарҷума кардаанд, ки дар дасти чоп аст. Нафароне ба тарҷумаву таҳияи китобҳо дар маркази “Хирад” машғул ҳастанд, ҳамагӣ ҳирфаӣ ва касбӣ ҳастанд. Чун китоб барномаи телевизионӣ ва ё радиоӣ нест, ки гуфта равад. Китоб дар дасти хонанда меистад ва ин масъулияти бузург аст, ки ин китобҳоро тарҷума карда, ба дасти хонанда расонем.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Аз "наворҳои бемаънӣ" дар шабакаҳо хаста мешаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:02 0:00

Радиои Озодӣ: Тиражи китобҳои шумо чанд аст ва оё хароҷоти тарҷумаву чопро мепӯшонад ё не?

Абдуҷалили Амон: Шояд бисёриҳо фикр мекунанд, ки Маркази “Хирад” як маркази сирф тиҷоратӣ аст, аммо чунин нест. Мо танҳо ба хотири онки як китоби навамонро чоп кунем, зарур мешуморем ки китобҳоямонро ба фурӯш гузорем ва барои нашри китоби оянда маблағе ба даст ояд. Тиражи китобҳои Маркази “Хирад” аз 500 то 1000 нусха аст. Ният дорем, ки имсол китобҳои навро на кам аз 2 ҳазор нусха нашр кунем. Ба хотири онки дар таҷрибаи дусолаам дидам, ки ҷавонони мо ташнаи китобҳои хуб ва хонданӣ ҳастанд. Рӯз аз рӯз сафи хонандагон, аз ҷумла китобҳои ангезишӣ ё мотиватсионӣ меафзояд ва мардум бо як иштиёқи зиёд мехоҳанд китобҳои хуб мунташир шаванд, то аз ганҷинаҳои ҷаҳонӣ ва ҷаҳони имрӯз огоҳ гарданд.

Осоре, ки дар Маркази "Хирад" бозгардонӣ кардаанд
Осоре, ки дар Маркази "Хирад" бозгардонӣ кардаанд

Радиои Озодӣ: Суоли баъдиам дар бораи китобу китобхонӣ дар кишвар аст. Нигарониҳо зиёд аст, ки ба китобхонӣ чандон таваҷҷӯҳи зиёд нест. Дар як кишваре, ки 10 миллион ҷамъият дорад, китобҳо бо теъдоди 1000-2000 нусха чоп мешавад, ки хеле кам аст. Бархе мегӯянд, таваҷҷӯҳ ба китобу китобхонӣ аз замони Шӯравӣ ҳам камтар аст. Ба назари шумо чаро?

Абдуҷалили Амон: Ман ба ин фикри Шумо чандон розӣ нестам. Дар замони шӯравӣ шояд дастрасии мардум ба иттилоот кам буд. Имрӯз ҳар нафаре, ки ба сари кор мешинад, агар ба сомонаҳои иҷтимоӣ як назар кунад, ками андар кам 20-30 маълумот барои худаш мегирад. Зеҳн ҳам як ғунҷоиш ва як талабот дорад. Солҳои пешин, ки ин чиз кам буд, мардум мехост, бештар маълумот гирад ва ин маълумотро бештар ба воситаи китобу рӯзномаҳо мегирифтанд. Имрӯз сомонаҳои зиёде ҳастанд, ки китобҳои электрониро тарғиб мекунанд. Як нафаре аст, ки барояш китобҳои гӯё (аудиокнига) писанд аст. Бархе ҳастанд, ки мегӯянд, кайфияте, ки китоби чопӣ дорад, китобҳои электронӣ ё китобҳои гӯё надоранд. Яъне як зумра мехоҳанд, китобҳои чопӣ мутолиа кунанд, гурӯҳи дигар электронӣ ё аудиоӣ. Ҳамаи ин дар маҷмуъ мутолиа аст. Масалан мо китоби “Сарватмандарин марди Бобил”-ро аудиоӣ кардем ва шакли электрониашро низ гузоштем. Яъне он нафаре, ки тавассути садоӣ гӯш мекунад, ҳамон маълумотро мегирад ва як нафаре, ки китобҳои чопиро мехонад ҳам, ҳамон маълумотро мегиранд. Онҳое, ки китоби чопӣ мехонанд, аз 60 то 80 дарсади маълумоти китоб дар зеҳнашон нақш мебандад. Аммо аз аудиоӣ ва электронӣ бамаротиб камтар аст. Дар бисёр кишварҳо аз шакли электронӣ дубора ба чопӣ гузаштанд. Имрӯз аз забони шумо садо дод, ки таваҷҷуҳ ба китоб кам аст. Ман фикр мекунам, ки тарғиби фарҳанги китоб кам аст. То имрӯз тарғиби китоб дар мо маъмул нашудааст. Тарғиб дар он сатҳе бошад, ки дар дурдастарин навоҳии кишвар огоҳ бошанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон кадом китобҳо мунташир мешаванд.

Радиои Озодӣ: Ин таблиғро кӣ бояд анҷом диҳад?

Абдуҷалили Амон: Якум ҳамаи он нафароне, ки дилашон ба китобу китобхонӣ месӯзад. Дуввум инки имрӯз озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз беҳтарин озмунҳое аст, ки як бори дигар мардумро сарҷамъ кард то барои китобхон кардани ҷомеа. Ин озмун, ки 4 сол аст, баргузор мешавад, чӣ қадар одамон ширкат мекунанд. Мо метавонем, ба воситаи ҳамонҳо ҳам китобро тарғиб кунем. Намоишҳои китоб зиёд шаванд, дар як сол як бор не, балки ҳадди ақал 4 маротиба дар сатҳи ҷумҳуриявӣ рӯнамоии китобҳои тозанашр баргузор шавад.

Радиои Озодӣ: Имрӯзҳо баъзе мегӯянд, ки мо аз пайи ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ҳастем ва вақти китобхонӣ надорем. Дар чунин шароит китобу китобхонӣ барои зиндагии мардум чӣ беҳбудӣ меорад?

Абдуҷалили Амон: Албатта, ин андешаи хато дар мағзи бисёр мардуми мо ҷой шудааст. Имрӯз мутаассифона назди мо меоянд ва барои тӯҳфа кардан китоб мепурсанд. Мегӯянд, ки муқовааш сахт бошад, мо бо соядаст тӯҳфа мекунем. Яъне барои ягон наздикамон. Китоб тӯҳфа кардан иқдоми бисёр хуб аст. Аммо вақте пурсон мешавем, ки худи шумо китоб мехонед? Мегӯянд, ки вақт шавад, мехонем. Яъне бисёриҳо фикр мекунанд, ки инсон китобро дар вақти фароғат бояд хонад, дар ҳоле, ки бояд баръакс бошад. Инсон китобро ба он хотир хонад, ки рушд кунад, камол ёбад, инсонияташро пайдо кунад. Шумо бубинед, ки бисёре аз афроди муваффақи ҷаҳон дар бораи манфиати хондан суханҳое доранд, ки агар онҳоро ҷамъ кунем, ҷилд-ҷилд китоб мешаванд. Бисёриҳо бар ин боваранд, инсонҳое, ки китоб мехонанд, бамаротиб бораҳмтар аз инсонҳое ҳастанд, ки китоб намехонанд.

Радиои Озодӣ: Ҷавонон ҳоло талош мекунанд, ягон соҳаи даромадноки тиҷоратро пеша кунанд. Шумо ҳамчун нафаре, ки дар бахши китобу китобдорӣ кор мекунед, ояндаи ин бахшро чигуна мебинед?

Абдуҷалили Амон: Ман боварии комил дорам, ки ҳар як падида мисли ҳаёти инсонӣ баҳору хазон дорад. Бисёриҳо нигаронӣ мекунанд, ки имрӯз ҷавонони мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ барномаҳои начандон қобили қабул таваҷҷӯҳ доранд. Фикр мекунам, ки ин гузаранда аст, мисли мавҷе аст, ки меояду мегузарад. Чун агар аз нигоҳи ҷомеашиносӣ назар кунем, дар бисёре аз кишварҳо ин чиз буд ва имрӯз ба кишвари мо омад. Яъне мардум аз чизи сабук, мавзуъҳои сабук, хандаовар ва наворҳои начандон маърифатию ахлоқӣ хаста мешаванд ва ҳатман рӯй меоранд ба ахлоқу арзишҳои баланди инсонӣ. Ман ҳамчун як фарди ин ҷомеа, ки ба кори тарҷумаву нашри китоб машғулам, ба ин чиз комилан боварӣ дорам, ки дур нест, мо ба он рӯз расем. Мо ба рӯзе мерасем, ки мардуми мо китобхон мешаванд ва боз фарҳанги худро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG