Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоне, ки бо китобхонӣ паҳлавон шуд. "Комикс"-и нав дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҷавоне, ки бо китобхонӣ паҳлавон шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Ҷавоне, ки бо китобхонӣ паҳлавон шуд

«Букмэн» қаҳрамони нави комикси тоҷикист. Муаллифи он Рустам Орифӣ, коргардон ва муаллифи сенария, кор сари достонро якуним сол пеш оғоз кард. Ҳадафи ӯ ва ҳамкоронаш ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ будааст.

Рустам Орифӣ рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «мақсади мо ин буд, то қаҳрамони асосиро эҷод кунем, ки кӯдаконро ба китобхонӣ ҷалб кунад. Яъне, ӯ чӣ қадаре зиёд китоб хонад, ҳамон қадар қуввааш зиёд мешавад. Вақте кӯдак ӯро мебинад, тақлид мекунад ва машғули китобхонӣ мешавад.»

Баъд аз хатми сенария, наққошон корро оғоз карданд. Тасвири қаҳрамонҳоро бо даст мекашиданд ва сипас дар компютер онҳоро зинда карданд.

Барои ёфтани сарпараст Рустам Орифӣ вақти зиёде сарф кард. «Дар навбати аввал мо 1000 дона чоп карданӣ ҳастем, баъд мебинем ки чӣ хел ба фурӯш меравад. Вақте дидем, ки хуб ба фурӯш рафт, метавонем зиёдтар чоп кунем», -- афзуд ӯ.

«Комикс» ба забони русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ ба зудӣ дар рафҳои китобхонаҳо пайдо мешавад. Қимати комикс аз харҷи чопи он вобаста хоҳад буд. Шояд нархи аввалияааш аз 18 то 20 сомонӣ бишавад.

XS
SM
MD
LG