Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қарақалпоқистон 89 ҳазор хонаро бозҷӯӣ ва 132 касро боздошт карданд


Шаҳри Нуқус, Қарақалпоқистон.
Шаҳри Нуқус, Қарақалпоқистон.

Вазири умури дохилии Қарақалпоқистони Узбекистон Батиёр Торебеков гуфт, 132 сокини минтақа, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштанд, дар натиҷаи амалиёте дастгир карда шуданд.

Хабаргузории УзА иттилоъ додааст, ки ин амалиёт таҳти унвони "Поксозӣ-антитеррор" анҷом ва дар доираи он 18 200 иншооту 89 ҳазор хона бозҷӯӣ карда шудааст.

Ба ҷуз ин, сокинони маҳаллӣ дар натиҷаи "корҳои фаҳмондадиҳӣ" 344 силоҳи шикорӣ ва 170 лавозимоти ҷангиро ихтиёран супоридаанд.

Ҳамчунин беш аз 57 ҳазор қонуншиканӣ ошкор ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Ин амалиёт шаш моҳ пас аз ҳодисаҳои хунини шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон сурат гирифт.

Рӯзҳои 1-2 июли соли гузашта дар Нуқус зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG