Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон вакили пешини маҷлис кушта шуд


Мурсал Набидзода. Акс аз бойгонӣ
Мурсал Набидзода. Акс аз бойгонӣ

Вакили пешини Маҷлиси Афғонистон Мурсал Набидзода дар хонааш кушта шуд.

Мақомоти Толибон тасдиқ карданд, ки ҳамла ба манзили Набидзода дар маҳаллаи Аҳмадшоҳ Бобои шаҳри Кобул рӯзи 15-уми январ сурат гирифтааст. Ба иттилои расмӣ, сиёсатмадор ва муҳофизаш кушта шуда, бародараш захмӣ гардид.

Ҷузъиёт дар даст нест. Ин куштор маҳкумияти байнулмилалиро барангехт ва дар миёни онҳое, ки ин ҳодисаро маҳкум карданд, узви порлумони Аврупо Ҳанна Нюман ҳам мебошад.

Нюман дар Твиттер навишт: "Ӯ дар торикӣ кушта шуд, вале Толибон як низоми апартеиди занонро бунёд кардаанд, ки дар рӯзи равшан амал мекунад."

Баъди ба сари қудрат баргаштани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон низоми сахти маҳдудкунандаи ҳуқуқи занон эҷод шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG