Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шаҳрҳои Киеву Харков ва Запорожйеро мушакборон кардааст


Русия имрӯз зербунёдҳои муҳими шаҳри Киевро ҳадаф гирифта ва дигарбора пойтахти Украинаро мушакборон кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Украина ҳамлаҳоро аввалин мушакборони сахт аз оғози соли 2023 хонд. Идораи низомии раёсати ҷумҳурӣ дар ин бора рӯзи 14-уми январ дар Телеграм хабар дод ва гуфт, ки шаҳрҳои Харков ва Запорожйе ҳам зери мушакборон мондаанд.

Мақомот ба мардуми шаҳри Киев тавсия додаанд, ки дар паноҳгоҳҳо ҷой бигиранд. Кирило Тимошенко, муовини раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ, гуфт, ки неруҳои Русия “зербунёдҳои ҳаётӣ”-ро ҳадаф гирифтаанд ва як биное дар деҳаи Копилёв зарба хӯрда ва шишаҳои биноҳои деҳа рехтаанд. Доир ба талафот ва ё осеб дидани касе ҳануз гузориш нарасидааст.

Олег Синегубов, раиси вилояти Харков гуфт, ки Русия ба зербунёдҳои ин шаҳри саноатии Украина бо ду мушаки S-300 зарба задааст. Рӯзе пештар аз ин вазорати дифои Русия гуфт, ки шаҳри муҳими стротегии Соледари Украинаро ишғол кардааст, вале раиси ҷумҳур Владимир Зеленский ин иддаоро рад карда гуфт, набардҳо дар вилояти Донетск аз ҷумла дар шаҳри Соледар идома дорад.

XS
SM
MD
LG