Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашгоникҳои навзод дар Суғд фавтиданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ба иттилои табибони таваллудхонаи вилояти Суғд шашгоникҳое, ки рӯзи 11-уми январ таваллуд шуда буданд, ҳама фавтидаанд. Табибон сабаби фавти кӯдаконро ба таваллуди бармаҳал рабт медиҳанд. "Аксари кӯдакон қариб шашмоҳа таваллуд шуда, вазнашон аз 550 то 700-грамӣ буд", гуфт яке аз табибони зоишгоҳи вилоятӣ.

Зане, ки ин кӯдаконро ба дунё овард, Муборак Соҳибоваи 26-сола, сокини ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад ва ҳоло зери муоинаи табибон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки ду нафар аз ин навзодҳо писар ва чор тани дигар духтар будаанд. Ин зан соҳиби ду фарзанди дигар ҳам будааст.

Таваллуди шашгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта панҷгоник ва чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Панҷгоникҳоро соли 2020 як сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни Хатлон ба дунё овард.

XS
SM
MD
LG