Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нигоҳубини кудакон дар боғчаҳои давлатии Тоҷикистон боло рафт


Сар аз 1-уми январ нархи моҳонаи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафт. Ҳамакнун волидон барои як кӯдак ба ҷойи 128 сомонии пешин 136 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри эълоне дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боло рафтани ҳаққи моҳонаи кӯдакистонҳо хабар дода гуфтааст, сабаб ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар рабт дорад.

Дар эълони сарраёсат гуфта шудааст, ки "... андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳатии ҳисобкунии андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз 1 январи соли 2023 дар ҳаҷми 68 сомонӣ муқарар гардидааст. Вобаста ба ин нигоҳубинӣ кудакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Душанбе ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 136 сомонӣ дар як моҳ муайян гардидааст".

Дар ин эълон ҳамчунин аз шаҳрвандон хоста шудааст, ки моҳонаро тариқи бонки давлатии "Амонатбонк" супорида, расидро ба муассиса дастрас кунанд.

Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидон аз боло рафтани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо нигаронӣ мекунанд. Бархеи онҳо мегӯянд, дар бархе аз кудакистонҳо бар иловаи моҳона, ҳаққи мураббияҳо низ талаб карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтааст, дар сурати аз ҷониби масъулини боғчаҳо зиёд талаб намудани хаққи моҳона, онҳо метавонанд ба рақами телефони боварии ин ниҳод – 2213092 тамос бигиранд.

Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе 150 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ки наздик ба 31 ҳазор тарбиятгирандагонро фаро гирифтаанд. Аз ин теъдод, 92 муассиса буҷавӣ, 46 муассиса хусусӣ ва 12 муассисаи дигар вобастаи корхонаву ташкилотҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG