Бино ба пешбинии Оҷонсии обуҳавошиносӣ, аз 10 то 14 январи соли ҷорӣ ба далели аз қисмати аврупоии Русия вазидани ҳавои сард дар аксари қаламрави Тоҷикистон, сардиҳо ва боридани барф пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинонро огоҳ кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд. Ин ниҳод хабар додааст, ки эҳтимоли то 18-дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво дар шабҳо, вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел, аз сокинон ва меҳмонон хостааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурати оҷил ҳаракати худро бо роҳҳои кӯҳистон ҳадалимкон маҳдуд карда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ, шикор ва моҳидорӣ дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.