Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Месси беҳтарин футболбози соли 2022 дониста шуд


Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) ҳамлагари бошгоҳи ПСЖ-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2022 эълон кард.

Месси аз рӯи натиҷагирии раъйдиҳӣ 275 имтиёз гирифт. Ин нисбат ба натиҷаи ҳамлагари “ПСЖ” ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе (35 имтиёз), ки ҷойи дуюмро соҳиб шуд, хеле зиёд аст.

Ҳамлагари бошгоҳи «Реал»-и Испания ва мунтахаби Фаронса Карим Бензема (30 имтиёз) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Ба панҷгонаи беҳтарин футболбозони дунё, инчунин нимҳимоятгари «Реал» ва мунтахаби Хорватия Лука Модрич (15 имтиёз) ва ҳамлагари «Манчестер Сити»-и Англия ва мунтахаби Норвегия Эрлинг Ҳоланд (5 имтиёз) дохил шуданд.

Месси дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар дар ҳайати тими миллии Аргентина қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дарвоқеъ, ин ҳамлагари 35-сола, ки дар муддати фаъолияти варзишиаш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст, аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Месси беҳтарин бозигари қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар гардида, бо ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» сарфароз гашт. Ӯ дар таърих аввалин футболбозест, ки ду бор ин ҷоизаро ба даст овардааст. Аз ин пеш ҷоизаи «Тӯби тилоӣ»-ро Месси дар қаҳрамони ҷаҳон соли 2014 ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG