Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистонро барои қатъи ҷустуҷӯи шаҳрванди Узбекистон ба додгоҳ кашиданд. ВИДЕО


Хадамоти зидди коррупсияи Қазоқистон
Хадамоти зидди коррупсияи Қазоқистон

Созмони "Ташаббуси ҳуқуқии байналмилалии Алмато" баъди тасмими мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар бораи қатъи ҷустуҷӯи шаҳрванди Узбекистон Мақсад Канатбоев, ки дар ҳодисаҳои хунини моҳи январи имсол бедарак шудааст, ба додгоҳ шикоят бурд.

Дар ин бора ҳуқуқшиноси созмон Амонкелдӣ Шорманбоев хабар дод. "Мо пештар посух гирифтем, ки парванда қатъ карда шудааст. Мо бо талаби идомаи тафтишот ба додгоҳ муроҷиат кардаем”, - гуфт Шорманбоев рӯзи 29 декабр ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Мақсад Канатбоеви 32-сола, зодаи Қарақалпоқистони Узбекистон, ки дар бозори яклухтфурӯшии "Олтин Орда" ба ҳайси аробакаш кор мекард, дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ боздошт шуда буд.

Пулис дертар ба наздиконаш гуфт, ки Канатбоев рӯзи 12 январи соли равон дубора озод карда шудааст, вале ӯ дигар ба хона барнагашт.

Қазияи бедаракшавии шаҳрванди Узбекистонро Хадамоти зидди коррупсияи Қазоқистон таҳқиқ мекард.

XS
SM
MD
LG