Маркази нави маъмурие, ки дар вилояти Ахали Туркманистон ташкил шудааст, ба хотири президенти пешини ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов “Арқадаг” (Муҳофиз) номгузорӣ шудааст.
Мақомоти туркман гуфтанд, ки ҳангоми интихоби номи шаҳр хоҳиши сокинони вилояти Ахалу тамоми минтақаҳои кишвар ва пешниҳоди созмонҳои ҷамъиятӣ "ба инобат гирифта шудааст".
Масъалаи ёфтани ном барои шаҳри навро президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов борҳо матраҳ карда буд. Ӯ рӯзи 28 апрели имсол дастур дод, ки масъалаи номи шаҳри навро “бо мардум баррасӣ” кунанд.
Манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ моҳи майи имсол хабар дода буданд, ки номи шаҳри навро "Арқадаг" мегузоранд. Қарор буд, ин тасмим дар рӯзи зодрузи Бердимуҳаммадови калонӣ дар моҳи июни соли равон эълом шавад, вале бо сабабҳое ба таъхир гузошта шуд.
“Арқадаг” (Муҳофиз) унвони расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст.