Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Покистон меравад. Дар ин бора бархе расонаҳои покистонӣ хабар доданд ва сухангӯи президент ҳам онро тасдиқ кард.
Ба навиштаи сомонаи “Islamabad POST”, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф аз ин кишвар дидан мекунад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, “асосан рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд.”
Эмомалӣ Раҳмон бори ахир моҳи июни соли гузашта ба Покистон сафар карда буд. Як мавзӯе, ки як соли ахир миёни Исломобод ва Душанбе борҳо баҳс шудааст, вазъи Афғонистон аст. Покистон яке аз ҳомиёни Толибон гуфта мешавад, ки ҳоло дар Афғонистон ҳоким аст. Тоҷикистон аз мунтақидони Толибон аст ва борҳо талаб кардааст, ки ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон дар ҳукумат бояд риоят шавад.