Баҳодур Уроқов, хабарнигори нашрияи “СССР” дар вилояти Хатлон, рӯзи 11-уми декабр даргузаштааст.
Ӯ бештар дар мавзуҳои иҷтимоиву иқтисодӣ матлаб менавишт.
Дӯстонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Баҳодур чанд вақти охир аз бемории захми ҷигар ранҷ мекашид.
Худи ӯ ҳафтаи гузашта дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки дар беморхона бистарӣ шудааст.
Баҳодур Уроқов 41 сол дошта, соҳиби шаш фарзанд буд.
Дӯстонаш аз ӯ ба ҳайси хабарнигори фаъол дар минтақа ёд мекунанд.