Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи мудофиаи ИМА дар соли оянда рекордӣ хоҳад буд


Сенат ё палатаи болоии порлумони ИМА буҷаи низомии ин кишварро барои соли 2023 ҳамоҳанг кард. Пештар аз ин буҷаи мазкур дар табақаи поёнии порлумон ҳамоҳанг шуда буд. Буҷаи соли ояндаи низомии ИМА аз $847,3 млрд. доллар иборат аст, ки 800 млн. доллари он барои Украина пешбинӣ шудааст.

Ин тарҳи буҷаи низомӣ метавонад, дар таърихи ИМА бузургтарин буҷаи низомӣ гардад.

"Афзоиши кӯмак ба Украина ва НАТО. Тарҳ ташаббуси кӯмак ба Украинаро дар бахши амният густариш медиҳад ва кӯмаки иловагиро дар ҳаҷми 800 млн. доллар дар соли 2023 тасдиқ мекунад", - омадааст дар тарҳи буҷа.

Тарҳи мазкур ҳамчунин барои "маҳор" кардани Русия дар Аврупо, тамдиди манъи ҳамкории низомӣ бо Маскав барои 5 соли оянда, инчунин хориҷ кардани Русия аз созмонҳои байналхалқӣ амсоли G20, 6 млрд. доллар пешбинӣ кардааст.

Дар соли 2021 буҷаи низомии ИМА 740,5 млрд. долларро ташкил медод. Дар он буҷа барои "маҳор" кардани Русия дар Аврупо ва афзоиши кӯмак ба Украина 4 млрд. доллар ҷудо шуда буд.

XS
SM
MD
LG