Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиҳаи қонуни ВАО-и Қирғизистон бо иштироки рӯзноманигорон "такмил" мешавад


Барои такмил кардани лоиҳаи қонун дар бораи воситаҳои ахбори омми Қирғизистон, ки аз сӯи дастгоҳи президенти ин кишвар ба баррасии умум пешниҳод гаштааст, як гуруҳи корӣ ташкил шуд.

Ба ҳайати гуруҳ рӯзноманигорон, коршиносони ВАО, ҳуқуқшиносон, панҷ намояндаи дастгоҳи президенти Қирғизистон, аз ҷумла сардори идораи таъминоти ҳуқуқӣ Мурод Укушев шомил шудаанд.

Хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон охирҳои моҳи сентябри имсол лоиҳаи мазкурро ба муҳокимаи умум пешниҳод карда буд.

Бунёди ҷамъиятии "Институти сиёсати ВАО" дар Қирғизистон гуфт, "яке аз ҳадафҳои лоиҳаи қонун аз байн бурдани сомонаҳои мухолифи ҳукумати кунунии кишвар аст". Бунёд даъват кард, ки лоиҳа бозхонд шавад.

Ахиран Вазорати адлияи Қирғизистон ҳам ба лоиҳа хулосаи манфӣ дод.

XS
SM
MD
LG