Кумитаи дахлдори порлумони Қирғизистон 5 декабр созишномаеро имзо кард, ки убури шаҳрвандони ин кишвар ва Узбекистонро аз марзҳои якдигар осон мекунад.
Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон Ойбек Артибеков дар ҷаласаи кумита гуфт, тибқи ин созишнома шаҳрвандони ду давлат метавонанд бо "ID-корт" ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
"Шаҳрвандоне, ки синашон аз 16 поин аст, ҳангоми гузаштан аз марз бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Дар ин бора 9 декабр дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон санаде имзо хоҳад шуд", - афзуд муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон.
Шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба кишварҳои ҳамдигар бо шиносномаи хориҷӣ сафар мекунанд.