Рӯзи 4-уми декабр мақомоти шаҳри Тошканди Узбекистон аз басташавии муваққатии нуқтаҳои фурӯши газ хабар доданд.
Дар хабари мақомоти шаҳри Тошканд омадааст, ки ба далели фишори пасти газ чунин тасмим гирифта шудааст.
"Бо ҳадафи таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Тошканд бо газ нуқтаҳои фурӯши газ барои нақлиёт баста шудаанд", - омадааст дар хабар.
Ширкати "Ҳудудгазтаъминот"-и Узбекистон хабарҳоро дар бораи он ки нуқтаҳои фурӯши газ барои чанд рӯз баста мешаванд, рад кард.