Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ мехоҳанд манъи гирдиҳамоӣ дар баъзе минтақаҳои Бишкек бекор шавад


Гулшайир Абдирасулова, роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Килим шамӣ" дар Қирғизистон аз додгоҳ талаб кардааст, ки манъи баргузории гирдиҳамоиҳо дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Бишкекро бекор кунад.

Абдирасулова гуфт, вай бо ин ҳадаф ба Додгоҳи шаҳрии Бишкек шикоят бурдааст.

Рӯзи 1 декабр Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек манъи баргузории гирдиҳамоиҳо дар чанде аз ноҳияҳои он шаҳрро қонунӣ донист. Додгоҳи ҳамин ноҳия аз 31 декабри соли 2021 баргузории намоишҳои эътирозиро дар майдони "Ала-Тоо", гулгашти Эркиндик, назди бинои порлумон, дастгоҳи президент, Додгоҳи олӣ, Сафорати Русия ва КДАМ манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG