Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Херсон зарба зада, онро дигарбора бе нерӯи барқ гузоштааст


Шаҳри Херсон баъди зарбаҳои Русия бе нерӯи барқ мондааст. Муҳандисон ба таъмири хатҳои осебдида шуруъ кардаанд.
Шаҳри Херсон баъди зарбаҳои Русия бе нерӯи барқ мондааст. Муҳандисон ба таъмири хатҳои осебдида шуруъ кардаанд.

Мақомоти украина мегӯянд, ки неруҳои Русия рӯзи 3-уми декабр ҳамлаҳо бо тӯпхона ба шаҳри озодшудаи Херсонро идома доданд ва онро аз нерӯи барқ маҳрум кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, Украина зимистони сахтеро пеши рӯ дорад, чун Русия зербунёдҳои зиёди энергетикии он кишварро вайрон кардааст. Ярослав Янушевич, раиси шаҳри Херсон дар саҳифааш дар Телеграм навиштааст: “Таҷовузгарони рус Херсонро оташборон ва хатҳои барқро вайрон карданд. Шаҳр дигарбора бе неруи барқ монд.” Айни замон ба гуфтаи ӯ, муҳандисон ба таъмири хатҳои барқ оғоз карданд, то шаҳр бо неру таъмин шавад.

Неруҳои Украина чанде пеш шаҳри Херсонро, ки дар соҳили рости рӯдхонаи Днепр ҷойгир аст, аз дасти неруҳои Русия озод карданд. Бар асари зарбаҳои мушакии Русия ба ҳалқаи энергетикии Украина миллионҳо нафар дар ин кишвар аз неруи барқу гармӣ маҳрум шудаанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 2-уми декабр гуфт, ҳамлаҳои бештар ба зербунёдҳои Украина “ногузир” аст. Айни замон бино ба гузоришҳо ҷангҳои сахте дар шарқи кишвар идома доранд. Ба гуфтаи артиши Украина, онҳо рӯзи 2-уми декабр як ҳавопаймо ва шаш паҳподи Русияро зада нобуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG