Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи боздошти даҳҳо кас дар рӯзи қасамёдкунии Тоқаев


Гурӯҳе аз ҷавонон дар Остона ба самти маркази шаҳр ҳаракат доранд. Қазоқистон. 23 ноябр. 2022
Гурӯҳе аз ҷавонон дар Остона ба самти маркази шаҳр ҳаракат доранд. Қазоқистон. 23 ноябр. 2022

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Игор Лепех дар ҳошияи ҷаласаи порлумонӣ тазоҳуроти худҷӯшро дар рӯзи интихоботи президентии ин кишвар дар шаҳри Остона шарҳ дод.

"18 нафар боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Тақрибан 300 нафар дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд. Баъди якуним соат даъватҳо барои рафтан ба қароргоҳи президент садо доданд", - иқтибос овардааст расонаҳои маҳаллӣ аз суханони Лепех.

Шаби 26 ноябри имсол даҳҳо нафар дар Остона дастгир шуданд. Он замон дар пойтахти Қазоқистон маросими савгандёдкунии президент Қосимҷомарт Тоқаев, ки барандаи интихоботи 20 ноябр эълом гашт, идома дошт.

Додгоҳи Остона як рӯз пас ҳукми ҳабси соҳибкор Марат Абиевро ба муҳлати 15 рӯз содир кард. Расонаҳо навиштанд, ки ҷонибдорони соҳибкор дар рӯзи савгандёдкунии президенти Қазоқистон дастгир шуданд ва ӯ низ дар миёни онҳо буд.

XS
SM
MD
LG