Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти ҳамла дар Покистонро "Таҳрики Толибон" ба ӯҳда гирифт


Мошини полисе, ки 30 ноябр мавриди ҳамла қарор гирифт. Кветта, Покистон
Мошини полисе, ки 30 ноябр мавриди ҳамла қарор гирифт. Кветта, Покистон

Дар як таркиши маргталабонаи ҳамлагари бомбгузор дар ғарби Покистон рӯзи 30 ноябр се нафар куштаву 23 нафар маҷрӯҳ шуд. Як мақоми маҳаллӣ гуфт, ҳамла ба мошини полисро гурӯҳи Толибони Покистон анҷом додааст. Ҳодиса дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистони ҳаммарз бо Афғонистону Эрон рух додааст, ки макони фаъолияти ҳам гурӯҳҳои исломӣ ва ҳам ҷудоиталабони мусаллаҳ мебошад.

Полис гуфт, яке аз онҳое, ки дар таркиш кушта шуд, зан будааст. Азфар Моҳисар, як афсари полис ба бахши Покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ходимони полис, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд, барои таъмини амнияти гурӯҳҳои эмкунии кӯдакон алайҳи фалаҷи атфол сафар карда буданд.

Дар ғарби Покистон бисёр вақт кормандони тимҳои эмгузаронӣ дар ҳамроҳӣ бо ходимони полис хона ба хона мегарданд. Дар ин кишвар аз 28 ноябр ҳафтаи эмкунӣ алайҳи фалаҷи атфол ё полиомиелит шурӯъ шудааст ва қарор аст 13 ҳазор тифли сокини минтақаҳои “фавқулодда таҳти хатар” бо ин барнома фаро гирифта шаванд.

“Таҳрики Толибони Поикистон”, ки масъулияти ҳамларо ба дӯш гиририфтааст, ҳарчанд аз идеологияи исломии муштарак бо Толибони Афғонистон пайравӣ мекунанд, бо ин гурӯҳ умумияте надоранд.

Мизони баландтарини гирифторӣ ба полиомиелит дар ҷаҳон маҳз дар Афғонистону Покистон сабт шудааст, вале бисёр сокинони маҳаллӣ бо сабаби хурофот ва бесаводӣ монеи эмкунии фарзандонашон мешаванд.

XS
SM
MD
LG