Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ғолиб, "Равшан" дуюм ва "Хуҷанд" сеюм шуданд


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 31-ум доир гардид, рӯзи якшанбеи 27-уми ноябр бо бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «А» ба анҷом расид. "Истиқлол"-и Душанбе пешакӣ барандаи медалҳои тило шуда буд, "Равшан"-и Кӯлоб медалҳои нуқра ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд медалҳои биринҷиро мегиранд.

Бозии даври 23-юм дар гурӯҳи «А» миёни ду дастаи Душанбе - КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) ва «Истиқлол», ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 5:1 ба нафъи қаҳрамони Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин дидор се голи «Истиқлол»-ро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд ва ӯ бо 16 голи задаи худ беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола гардид.

Дар бозии дигари даври 23-юм дар гурӯҳи «А» дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ бо тими “Хатлон”-и Бохтар рақобат кард. Аз натиҷаи ин бозӣ тақдири медалҳои нуқраю биринҷӣ бастагӣ дошт. Дар сурати пирӯзии «Хуҷанд» бар «Хатлон», «Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои нуқра ва «Хуҷанд» соҳиби медалҳои биринҷӣ мешуданд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Хуҷандиҳо ба дарвозаи бохтариҳо ду голи беҷавоб зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд. Ҳарду голро Тоҳир Малодӯстов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо касби 48 имтиёз ҷойи аввалро азони худ кард «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 35 имтиёз дар ҷойи дувум, “Хуҷанд” бо касби 34 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шуданд. “Хатлон ҳам 34 имтиёз гирифт, аммо бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми чаҳорумро касб кард ва аз медал бенасиб монд.

«Истиқлол» дар мавсими оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард. «Равшан» ва «Хуҷанд» Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC намояндагӣ мекунанд.

Зимнан, «Истиқлол» бори ёздаҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 бо Ҷоми қаҳрамонӣ сарфароз шуда буд.

Ду бошгоҳи вилояти Суғд - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и Зафаробод, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи «Б» ҷойҳои охирро гирифтанд, мавқеашонро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Гурӯҳи «А». Даври 23-юм

КМВА– «Истиқлол» – 1:5

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 43 – аз пеналти (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 46 (0:2). Монгбет Аласса, 74 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 76 (1:3). Табрез Исломов, 78 (1:4). Манучеҳр Ҷалилов, 87 (1:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

27 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:0

Голҳо: Тоҳир Малодӯстов, 6 (1:0). Тоҳир Малодӯстов, 16 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

27 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

22

14

6

2

46-13

48

2

«Равшан» (Кӯлоб)

22

9

8

5

26-23

35

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

9

7

6

29-18

34

4

«Хатлон» (Бохтар)

22

9

7

6

23-17

34

5

КМВА (Душанбе)

22

7

4

11

26-38

25

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Б»

6

Файзканд» (Восеъ)

22

8

4

10

25-34

28

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

7

6

9

29-32

27

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

7

4

11

23-26

25

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

22

7

4

11

26-27

25

10

«Равшан» (Зафаробод)

22

4

8

10

21-46

20

XS
SM
MD
LG