Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Эрон ба 448 нафар расид


Тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дар яке аз минтақаҳои Эрон
Тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дар яке аз минтақаҳои Эрон

Эрон тасмими Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид (UNHRC) дар бораи таҳқиқи байналмилалии саркӯби эътирозгарон дар ин кишварро эътироф накард.

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи 24-уми ноябр дар нишасти вижае оид ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Эрон қатъномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он як ҳайати таҳқиқи байналмиллалӣ барои баррасии саркӯби эътирозгарон ташкил мешавад. Ҳадаф аз таъсиси ин Кумита таҳқиқи нақзи ҳуқуқи башар аз оғози эътирозоти саросарии Эрон ва муаяйян кардани омилони он аст.

Мақомоти расмии Теҳрон чанде аз кишварҳои ғарбиро дар барангехтани эътирозҳо муттаҳам карданд, вале ҳеч далеле пеш наоварданд. Вазорати хориҷаи Эрон, рӯзи 25 ноябр тасмими таҳқиқи байналмилалии нақзи ҳуқуқи башар дар Эронро кори дасти "гурӯҳе аз кишварҳои ғарбӣ" номидааст, ки алайҳи ин кишвар мавқеъ гирифтаанд.” Теҳрон эълон кард, ки ин қатъномаро эътироф нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол як созмоне, ки дар бораи риояи ҳуқуқи башар дар Эрон гузориш медиҳад, аз афзоиши шумори кушташудаҳо дар тазоҳурот зидди ҳукуматӣ хабар дод. Бино ба гузориши пойгоҳи ҳуқуқи башарии Ҳароно, аз оғози эътирозҳо дар Эрон то рӯзи 25-уми ноябр тақрибан 448 нафар кушта шудаанд, ки дар ин миён 63 нафар кӯдакони то 18 сола будаанд.

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Эрон мегӯянд, то рӯзи ҷумъа беш аз 18 ҳазор эътирозгарон боздошт шудаву тазоҳурот дар 156 шаҳри Эрон доман паҳн кардааст. Дар гузориш ба боздошти беш аз 500 донишҷӯ ҳам таъкид шудааст. Дар 143 донишгоҳи ин кишвар муҳассилин эътироз карданд.

Эътирозу нооромӣ дар Эрон аз моҳи сентябр идома дорад. Тазоҳурот баъди он оғоз шуд, ки Маҳсо Аминии 22-сола ба иттиҳоми “бадҳиҷобӣ” дастгир шуд ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт. Ин ҳодиса хашми ҳазорҳо сокини Эронро барангехт ва беш аз ду моҳ аст, ки режими Оятулло Хоманеӣ бо чолиши сангинтарин аз замони инқилоби исломии соли 1979 рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG