Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар сӯхторе дар Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар сӯхторе дар маркази Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтааст. Аз ӯ ном бурда намешавад. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр рӯй дод.

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон ва шаш нафари дигарро, ки ба иттилои расонаҳо, атбои Русия ҳастанд, аз зери боқимондаҳои бинои оташгирифта дар Маскав берун оварданд.

Масъулони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд, бинои хиштии дуошёна дар маркази Маскав рӯзи 20-уми ноябр сӯхт.

Дар он бино мағозаи ҷевонҳо, асбоби барқӣ ва анбори гулҳо ҷойгир будааст. Майдони умумии сӯхтор 2500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG