Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанд намояндаи мухолифон дар Қазоқистон


Боздошти яке аз норозиён дар Қазоқистон
Боздошти яке аз норозиён дар Қазоқистон

Баъзе аз намояндагони мухолифон дар Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябр зидди интихоботи президентии пеш аз муҳлати он кишвар, ки натиҷаашро бисёриҳо қобили пешгӯйӣ медонанд, эътироз карданд.

Дар назди қасри "Жастар" дар пойтахти Қазоқистон камаш ду нафар, аз ҷумла фаъоли маданӣ Галия Тамабаева, дастгир шудаанд.

Артур Алхастов, намояндаи дафтари ҳуқуқи башари Қазоқистон, ба хабаргузории "Власт" гуфтааст, нерӯҳои вижаи пулис як ҷавонро бо худ бурданд.

Дар наздикии майдони "Остона"-и Алмаато, ки бояд тазоҳуроти мухолифон оғоз мешуд, хабарнигорон шоҳиди боздошти дастикам 10 нафар шуданд.

Теъдоди умумии боздоштшудаҳо дар се макон, тибқи тахминҳои рӯзноманигорони "Власт", тақрибан 30 нафарро ташкил дод.

Сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов, ки дар хориҷа ба сар мебарад, баргузории тазоҳуротро ба зидди интихобот ва таваррум ё инфлятсия эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG