Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев бо даъвати Макрон ба Порис меравад


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми ноябр бо даъвати ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон ба шаҳри Порис меравад. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷараёни сафар мулоқоти ду раҳбар ва чорабиниҳои тиҷоратӣ бо иштироки раҳбарони ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи он кишвар дар назар аст. Қарор аст, ҷонибҳо чанд санади ҳамкорӣ ҳам имзо кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG