Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ мушакеро озмоиш кард, ки то Амрико мерасад


Ким Чен Ин, раҳбари худкомаи Кореяи Шимолӣ озмоиши мушакро назорат мекунад.
Ким Чен Ин, раҳбари худкомаи Кореяи Шимолӣ озмоиши мушакро назорат мекунад.

Вазири дифои Ҷопон гуфт, ки Куриёи Шимолӣ як мушаки баллистикии байниқоравиро партоб кардааст, ки қодир ба ҳадаф гирифтани қаламрави Амрико низ ҳаст.

Мушак дар баҳр ва дар 210 километрии шаҳри Ҳоккайдои Ҷопон суқут кардааст. Артиши Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки мушак то баландии 6100 километр расида ва то 1000 километр парвоз кардааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико партоби мушакро танқид кард ва Куриёи Ҷанубӣ гуфт, бояд ба зидди Пхенян чораҳои сахти маҳоркунанда андешида шавад.

Чо Сон Ҳю, вазири дифои Куриёи Шимолӣ рӯзи 17-уми ноябр гуфт, дар сурати ҳаргуна тақвияти ҳузури низомии Амрико дар минтақа, кишвараш “посухи қавие” хоҳад дод.

Куриёи Шимолӣ, ки бар асоси қатъномаҳои Созмони Милал ҳаққи озмоишу партоби мушакҳои дурпарвоз ва атомӣ надорад, фақат дар ду моҳи гузашта 50 мушаки аксаран кутоҳпарвоз партоб кардааст.

XS
SM
MD
LG