Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳосилот" ғолиби мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд


Дастаҳои лигаи аввали футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои лигаи аввали футболи Тоҷикистон.

Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мукофотонида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи ғолиб – “Ҳосилот” - баъди анҷоми бозии даври охирин бо тими меҳмон - “Динамо”-и Душанбе, ки бо пирӯзии футболбозони Фархор бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расид, баргузор шуд.

Ба ҷуз аз Ҷому медалҳои тилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маросими мукофотсупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳия барои ин дастовард ба ҳайати дастаи “Ҳосилот” ҷоизаи молӣ ба маблағи 30-ҳазор сомонӣ тақдим намуд.

Дастаи “Ҳосилот” дар бозиҳои мавсими имсола 56 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқаи лигаи якум мақоми аввалро касб кард. Зимнан, “Ҳосилот” бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев баъди панҷ сол ба лигаи олӣ баргашт.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври охирини мусобиқа дар меҳмонӣ тими “Гулистон”-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби 9:2 шикаст дод, бо касби 53 имтиёз мақоми дуюму медалҳои нуқраро соҳиб шуда, ба лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Ҷойи сеюм бо касби 50 имтиёз насиби дастаи “Динамо”-и Душанбе гардид, ки бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо иштироки 12 даста дар ду марҳила сурат гирифт – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ),«Саройкамар» (Панҷ),«Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Ҳосилот» (Фархор), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Динамо» (Душанбе), «Гулистон» (Гулистон), «Душанбе» (Душанбе). Ҳар як даста 22 бозӣ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG