Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги сахт дар шарқу ҷануби Украина. Русия ақибнишинӣ мекунад


Сарбози украиниро дар минтақаи аз дасти русҳо озодшуда пешвоз мегиранд.
Сарбози украиниро дар минтақаи аз дасти русҳо озодшуда пешвоз мегиранд.

Дар шарқу ҷануби Украина задухӯрдҳои сахте миёни артиши Русияву Украина идома доранд. Ҳамзамон дар шаҳри Херсон, ки артиши Русия аз он ҳафтаи гузашта ақибнишинӣ кард, ба гуфтаи мақомоти украинӣ, шаҳодати зиёди ҷиноятҳои ҷангӣ ошкор мешаванд.

Президент Владимир Зеленский амр дод, ки дар минтақаҳои озодшуда аз ишғолгарони рус қуюди шабгардӣ ё вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ шавад. Як ҳароси асосӣ ин аст, ки минтақаҳои зиёдеро русҳо минакорӣ кардаанд.

Зеленский шоми 13-уми ноябр дар муроҷиат ба мардум гуфт, тоҳ ҳол беш аз 400 мавриди ҷиноятҳои ҷангии Русия ҳуҷҷатгузорӣ шудааст ва дар миёни ин ҳодисаҳо, аз ҷума, ошкор шудани ҷасади сокинони мулкиву низомиён мебошад. Зеленский ин ҳодисаҳоро бо “ваҳшонияте” монанд кард, ки дар минтақаҳои дигари озодшуда собит гардид. Ба гуфтаи президенти Украина, дар давоми як ҳафтаи гузашта артиш тавонист 179 маҳалли зист ва 4500 километри мураббаъ қаламравҳоро дар хати дарёи Днепр дубора ба дасти худ дарорад.

Ҳафтаи гузашта Русия эълон кард, ки нирӯҳояшро аз соҳилҳои Днепр қафо мекашад ва ин хабар дар пасманзари муқовимати шадиди моҳҳои охир як муваффақияти ҷиддӣ ба шумор меравад. Рӯзи 12-уми ноябр Кохи Сафед беруншавии русҳо аз Херсонро як “ғалабаи фавқулодда”-и Украина арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG